Ман куштаи ишқам , хабарам ҳеҷ мапурсед
Гум шуд асари ман , асарам ҳеҷ мапурсед
Гуфтанд ки : чунӣ ? натавонам ки бигӯям
Ин буд ки гуфтам , дигарам ҳеҷ мапурсед
Фардои сар худ мекунам андари сару кораш
Имрӯз ки бо дарди серум ҳеҷ мапурсед
Вақте ки набинам Рахши аҳвол тавон гуфт
Ин дам ки дарав менагарм ҳеҷ мапурсед
Бе оризаши ин қисса рӯзаст ки дидед
Аз гиряи шому саҳарам ҳеҷ мапурсед
Хӯни ҷигарам бар рух ва пурсидани аҳвол ?
Дидед ки : хунини ҷигарам , ҳеҷ мапурсед
Аз дӯст ба ҷузи як назарам чун ғаразӣ нест
Зон дӯст ба ҷузи як назарам ҳеҷ мапурсед
Аз дасти шумо ҷомаи ду сад бор даридам
Хоҳед ки бозаши бадарам ҳеҷ мапурсед
Бо Авҳадии ин дидатар беш надидем
Биллоҳ ! ки азин бештарам ҳеҷ мапурсед