Ҳар дам барам ба гиряи паноҳ аз фироқи ёр

Оҳ ! аз ҷафои душману оҳ аз фироқи ёр !

Нашигифт ! агар шикаста шавам дар ғамаш , ки ҳаст

БоРом чу кӯҳ ва рӯй чу коҳ аз фироқи ёр

То он ду ҳафтаи моҳи зи ман давр шуд , шудаст

Рӯзам чу ҳафта , ҳафта чу моҳ аз фироқи ёр

Чун ҷон ба лаб раседу дил аз ғам хароб шуд

Тан низ гӯ : ммон ва бакоҳ аз фироқи ёр

Борӣ , ба ҳеҷ навъи халосами з ранҷ нест

Гоҳ аз фалаки биринҷаму гоҳ аз фироқи ёр

Чашмам чу субҳи гашти сипед аз ҷафои чарх

Субҳам чу шоми гашти сиёҳ аз фироқи ёр

Ҳар лаҳзаи оташӣ ба ҷигар мерасад маро

Хоҳ аз висоли душману хоҳ аз фироқи ёр

То кӣ нишинад охири азин гӯнаи Авҳадӣ ?

Дил дар хаёлу чашм ба роҳ аз фироқи ёр

эй дил , ту рӯзи васли ҳамин навҳа ме кунӣ

Маълум шуд ки нест гуноҳ аз фироқи ёр