Зулфи мишкӣнат чу домаст , эй писар
Оризат моҳ тамомаст , эй писар
Дар фурӯғ рӯйу чини зулфи ту
Мояи сад субҳ ва шомаст , эй писар
То буд бар дайгарии васлати ҳалол
Бар ман осоиш ҳаромаст , эй писар
Зон даҳони танг ширинам бидиҳ
Бӯсае ,гар худ ба вомаст , эй писар
Ҳар замони гӯйӣ ки : фардоӣ дигар
Сӯхтам , фардо кадомаст ? эй писар
Гар ту сад боРом бисӯзӣ дар фироқ
То насозӣ , кор хомаст , эй писар
Дар ғамат гар нашканам худро , маранҷ
Одамиро нанг ва номаст , эй писар
Олимиро банда худ карда Эй
Авҳадӣ низат ғуломаст , эй писар