Як шабам додӣ ба умрии пеши худ бор , эй писар

Баъд аз он ёдам накардӣ , ёд май дор , эй писар

Неки бади ҳолами зи дасти ҳиҷри ҳоли ошӯби ту

Лутф кун , моро ба ҳол хеш магузор , эй писар

Куштаи чашми туам , ғофил мабош аз ҳоли ман

Гӯшмолам бар мада , гӯшӣ ба ман дор , эй писар

Нолаи ман дар ғами ҳиҷр ту шуд зер , эй нигор

Раҳматӣ кун , каз ғами ҳиҷри туами зор , эй писар

Чун гул васлӣ нахоҳӣ ҳаргизам додан ба даст

Хорам аз пои дили ҳайрони буруни ор , эй писар

Гуфтае : дар кори ишқи ман бибояд бохти ҷон

Худ надорам дар ду гетии ғайри азин кор , эй писар

Гуфтамаш : бӯсӣ бидиҳ , гуфто ки : пари бишумори зар

Зар надорам , чун шуморам ? бӯсаи бишумор , эй писар

Дигаронро чун ба васл хештан кардӣ азиз

Авҳадиро ҳамчуи хок раҳ макун хор , эй писар