Чу ошуфта дидӣ ки шуд кори мо

Нагаштӣ дигар гирди бозори мо

Маёзор моро , ки кор хатост

Далерии намӯдан ба озори мо

Ба фарёди могар чунин май рисӣ

Ба гардун расад нолаи зори мо

Дили мо ннолидӣ аз чашми ту

Агар ҷавр кардӣ ба миқдори мо

Биҷуз мо нахоҳад харидан касе

Матоъӣ ки бастии ту дар бори мо

Чаҳ хусбӣ ? ки шабҳои торики хоб

Наомад дарин чашми бедори мо

Марези Авҳадиро намак бар ҷигар

Ки шӯрида ӯ мекунад кори мо