Мо дар ба рӯй халқи фурӯ бастаем боз
Дар шоҳиди хаёли ту пайвастаем боз
Дил ҷӯш мезанад зи таманнои васли ту
Моро мубин ки сокин ва оҳистаем боз
Бо ҳиҷру дарду меҳнату андӯҳи ишқи ту
Як иттифоқ карда ва нагусастаем боз
Ранги риёу занги нифоқу нишони кибр
Аз худ ба хӯни дидаи фурӯ шастаем боз
эй сангдил , ки теғи ҷафо бар кашида Эй
Рӯ марҳамӣ бисоз ки дил хастаем боз
Гуфтӣ : ба ростии дилат аз мо шикаста шуд
Худ кӣ дуруст буд ? ки бишкастаем боз
Моро туе р ҳар ду ҷаҳону биёади ту
Чун Авҳадии з ҳар ду ҷаҳон рустаем боз