Гар ту гули чеҳра дар ое ба чамани масти имрӯз

Мо бидонем ки дар боғ гулӣ ҳаст имрӯз

Гуфтае : бар сари онам ки бигирам дастат

Нақдро бош , ки ман май рӯм аз дасти имрӯз

Бо чунон донаи холӣ ки ту бар лаб зада Эй

Ман бар онам ки з домат натавон ҷусти имрӯз

Рухи гули ранги ту баси хӯн ки бирезади фардо

Даҳани танги ту баси тавба ки бишикаст имрӯз

Чашми таркати ҳама бар сина ман хоҳад зад

Ҳар хадангӣ ки раҳо мекунӣ аз шасти имрӯз

Дили мангар ба гулистон наравад маъзӯраст

Ки басии хори ҷафо дар ҷигарам хаст имрӯз

Дай чу зулфи тугар ошуфта шудам нест аҷаб

Аҷаб инаст ки чун чашми туами масти имрӯз

Гар бидонам ки ту бар ман гузарӣ хоҳӣ кард

Бар сари роҳи ту чун хок шавам пасти имрӯз

Авҳадигар ба сухани даст фасеҳон барбаст

Шуд ба занҷири сари зулф ту побаст имрӯз