Ба рухи шамъи шабистонами туе бас

Ба қомати сарви бустонами туе бас

Ниҳон будӣ змо , пидостии боз

Кунун пайдоу пинҳонами туе бас

Ман ва моу дилу ҷону сару мол

Ҳама куфраст , имонами туе бас

Агар дар дил касе буд , он надонам

Миёни нуқтаи ҷонами туе бас

Гар аз худ дайгарӣ гуяд , ман аз ту

Ҳаме гӯям , ки бурҳонами туе бас

Марои пурсанад : каз дониш чаҳ доне ?

Чаҳ донам ? ҳар чаҳ медонам туе бас

зи гули рӯйони ин олам ки ҳастанд

Ман он меҷӯям ва онам туе бас

Нмидонм ки дардамро сабаб чист ?

Ҳаме донам ки : дармонами туе бас

Дарин роҳи Авҳадиро раҳбарӣ нест

Далели ин биёбонами туе бас