эй сабо , ёри маро аз ман беёр бипурс
Зорам , ӯро зи ман шефта зор бипурс
Пурсиши дил чу ба зулфаш барисоне , пас аз он
Пеши он наргиси ҷодӯи рӯ ва бемор бипурс
Чашм ӯро набӯд бо ту сар гуфт ва шунид
Ҳол ӯ яксар аз он лаъли гуҳар бор бипурс
Чун бидон қомати нозуки рисии оҳистаи зи давр
Хидматӣ кун , сухани васл ба ҳанҷор бипурс
Дар миёни сухан ар ҳоли дили ман пурсад
Арза кун ҳоли дилам , андак ва бисёр бипурс
Вагараш қиссаи сармастии ман бовар нест
Гӯ : биёу хабар аз мардум ҳушёр бипурс
Авҳадӣ гум шуд , агар манзил ӯ май пурсӣ
Ба хароботи рӯу хона хумор бипурс