Чунин ки баста шудам бози ман ба зулф чу бандаш
Халоси ман мутасаввир куҷо шавад зи камандаш ?
Ба ранги чеҳра ӯгар нигаҳ кунад гули сӯрӣ
зи шарм сурх барояд , зи хуй гулоб барандаш
Чаҳ об дар даҳан ояд наботро зи лаб ӯ ?
Агар ба ком расад завқи он лабон чу қандаш
зи баҳри чашми бадонаш ба нек хоҳ бигӯям
Ки бомдод бихӯрӣ кун зи авду сапандаш
Сетгаро , дил ҳар кас ки мубталоӣ ту гардад
Ба ақл боз наёрад дигар насиҳату пандаш
Фикандаам дили худро чу хок бар сари роҳат
Ки бигузарӣ ва мушарраф кунӣ ба наъли самандаш
зи давр май нигар , эй Авҳадӣ , ки дайртар уфтад
Ба дасти кӯтаҳи моҳи миваи дарахти баландаш