Ду ҳафта дигар аз буии боди машки фуруш

Шавад чу боғи биҳишти ин замини дебои пӯш

Дарахт ғунча кунад , ғунчаи перҳани бадарад

Ба вақти субҳ чу мурғон бароваранд хурӯш

Шавад чу рӯй фалаки пурситора рӯй замин

зи сӯсану саману ёсамину мрзнгўш

Чамани зи шакли раёҳину ранги сабза тар

Чунон шавад ки ту гӯйӣ дар омадаст ба ҷӯш

зи ҷӯйбор ба гардун расад ғариви туюр

зи кӯҳсор ба саҳро равад фиғони вуҳуш

зи баҳри ҷилваи арӯси чаман дар овезад

зи жолаи ақди ҷавоҳир ба рӯй гардану гӯш

Раванд дар сари гул дар чамани парии рӯйон

Бидон сифат ки равад бар сари ситораи сурӯш

Илм зананд гули сурху зард бар сабзӣ

Чу бар саҳифаи минои зи зари таҳтаи нуқӯш

Ба бом шох барояд гул аз сарочаи боғ

Чунонкӣ бар уфуқи чархи Зуҳрау зоўш

Миёни боғи з ҳар гӯнаи ошиқии сармаст

Чунонкии мардуми ҳушёри сари кашанд ба дӯш

Тамаъ мадор хамӯшӣ зи Авҳадии пас азин

Ки дар баҳор набошанд булбулони хомӯш

Ту низ умри худ , эй ҳӯшманд , хуши гузарон

Ки умр хуш гузаронад ҳамеша соҳиби ҳуш

Баҳори тоза дар омад , ғам куҳан бигзор

зи боғи сабза бар омад , шароб сурх бануш

Дарахту чӯб ки дидӣ чаҳ тар шавад ба баҳор ?

На кам зи чӯбу дарахтӣ , ту дар баҳори мхўш

?герат ҳавост ки ъушрат кунӣ , ба дониш кун

Варат ризост ки сикии хурӣ , ба некӣ кӯш

Магар дар паии озарму қавл ман бишинав

Мабош бар сари озору панди ман бниўш