Гуфтам : зи дарди ишқи ту гаштами чунин ба ҳол
Гуфто : манам давои ту аз дарди ман манол
Гуфтам : шабам чу сол шуд аз бори ҳиҷри ту
Гуфто : ба васл рӯз кунам ин шаб чу сол
Гуфтам ки : бо ту нест маҷоли ҳикоятӣ
Гуфто : чу ман ризои даҳум осон шавад маҷол
Гуфтам : дилам ба васли ту таъҷил ме кунад
Гуфто : зи ман ба сабр тавон ёфтан висол
Гуфтам : ба шом рӯй ту дидан муборакаст
Гуфто ки : бомдоди мубораки терм ба фол
Гуфтам ки : ҳеҷ гӯш накардӣ ба қавли ман
Гуфто ки : ҳеҷ кор наёяд зи қилу қол
Гуфтам ки : абрӯии ту нишон медиҳад баъӣд
Гуфто : нишони ид буд дидани ҳилол
Гуфтам : чаҳ домҳо ки ту дории зи баҳри ман !
Гуфто ки : доми ман на ки зулфасту донаи хол ?
Гуфтам ки : бӯсае дўсаҳ бар ман ҳалол кун
Гуфто ки : бе баҳои натавонад шудани ҳалол
Гуфтам : з мӯя шуд тани мискини ман чу мӯӣ
Гуфто : зи нола низ бихоҳӣ шудан чу на?ил
Гуфтам ки : поймоли фироқи туам чаро ?
Гуфто : азон сабаб ки надорӣ ба дасти мол
Гуфтам : туро наёфт ба шухӣ касе назир
Гуфто : маро надид ба хӯбӣ касе мисол
Гуфтам : соли ман ба ҷаҳони васл рӯй тест
Гуфто ки : нест мумкини азин хубтар сол
Гуфтам ки : чора нест маро дар фироқи ту
Гуфто ки : чора ту шикебасту эҳтимол
Гуфтам : шабии хаёли ту наздик ман расед ?
Гуфт : Авҳадӣ , ба хоби тавон дидан ин хаёл