Моҳрўё , ошиқи он сӯрати поки туам
Бандаи қади хушу рафтори чолоки туам
Қурси хуршедӣ , ки чун бар рӯят андозам назар
Равшаноӣ боз медорад зи идроки туам
Фориғ аз ҳоли дили ошуфтаи зори манӣ
Фитнаи холи рухи хуби трбноки туам
Бар сари кӯии таманнои ту аз наздику давр
Ҳар касеро обрӯе ҳаст ва ман хоки туам
Мори зулфат бар дилам ҳар лаҳза нешӣ ме занад
Шарбатӣ бифирист аз он лаъл чу тирёки туам
Серумаи созами дидҳои поки байни хеш ро
Гар ба даст ояд ғубори домани поки туам
Авҳадиро дар камандовар , чу сайдӣ мекунӣ
Варна ман худ рӯзу шаби дарбанди фитроки туам