Биё , биё ки зи меҳрат ба ҷони ҳамеи гирдам

Ба буии васли ту гирди ҷаҳони ҳамеи гирдам

Ту хуфтае , хабарат кӣ буд ? ки ман ҳар шаб

Ба гирди кӯии ту чун посбони ҳамеи гирдам

Маломати ман бедил макун дарин ғарқоб

Ту бар канорӣ ва ман ва дар миёни ҳамеи гирдам

Ба пешгоҳи қабули ту роҳ нест , магар

Раҳо кунӣ , ки барин остони ҳамеи гирдам

Ҳазор бор шудам дар ғами ту пер , вале

Дигар ба буии висолати ҷавони ҳамеи гирдам

Қадам ба пурсиши ман ранҷа кун , ки ҳар соъат

Басони чашми хушати нотавони ҳамеи гирдам

Лабати бишорати комӣ ба Авҳадӣ додаст

Дарин диёр ба умеди он ҳамеи гирдам