Навбаҳорасту дили пари ҳавасу бодаи ноб

Ҳбзо рӯйнигору лаби кишту сари об

Субҳ бархез ва бар гул ба сабӯҳӣ биншин

Чун ба овози хуши мурғи даройӣ аз хоб

Айш некӯаст касеро ки тавонад кардан

эй тавонои хирадманд , чаҳ дорӣ ? дарёб

Агар он зулфи ту дар бурдани ақл аз ҳама рӯй

Ваии лаби ту дар ғорати дайн аз ҳамаи боб

Кофарон рӯй ба миҳроб накарданд , вале

Бикунанд ар хами абрӯӣ ту бошад миҳроб

Авҳадии пеши ту сад нома фиристод аз шавқ

Ки на осор вафо дид ва на эсори ҷавоб