Ту чизеи дайгарӣ , вар на басии хубон ки ман дидам
Касе дигар набинад андар онру , онкӣ ман дидам
На имкони ончӣ ман дидам ки дар тақрир кас гунҷад
Ситами чандон ки ман барадам , балои чндонкаҳ ман дидам
Магӯ аз ҷинату ризвони ҳикоят беш азин бо ман
Ки ҳайронаст сад ҷинат дар он ризвон ки ман дидам
Чу ҷӯям миваи васлии з рӯй ӯ , хирад гуяд :
Аҷаб !гар мива битавон чиди азин бустон ки ман дидам
Зиҳӣ ! дар ҳиҷри он ҷонони азоби тан ки ман дорам
Зиҳӣ ! дар ишқи он дилбари балои ҷон ки ман дидам
Ба ҷон мемонад аз покии лаби дилбар ки ман дорам
Ба ма мемонад аз хӯбии рухи ҷонон ки ман дидам
Мабанд , эй Авҳадӣ , зинҳор ! дар пўинди он маи дил
Ки нуқсон зуд хоҳад ёфт он паймон ки ман дидам