Чашми ҷон бар асарат ме дорам
Гӯши дил бар хабарат ме дорам
Мекунам ҷои ту дар ҷон ,гар чаҳ
Гуфтӣ : аз дил бадарат ме дорам
Ҳамчуи хокам бадар афгандӣ ва ман
Рӯй бар хок дарат ме дорам
Дӯш гуфтӣ ки : надории сари ман
Ба сари ту ки сарат ме дорам
Ба ҷафои хӯнами азин беш марез
Ки ба хӯн ҷигарат ме дорам
Дили турои дӯсттар аз ҷон дорад
Ман аз он дӯст тарат ме дорам
Сипарӣ шуд дилам , аз бас ки дарав
Новаки дил сипарат ме дорам
Дар ту бастам чу камари дил , гуфтӣ
Каз миён зӯдтарат ме дорам
Авҳадии вор дар ойӣнаи дил
Ҳамчуи нақш ҳаҷарат ме дорам