Ба ғами хеши чунон шефта кардӣ бозам

Каз хаёли ту ба худ низ наме пардозам

Ҳар ки аз нолаи шабгири ман огоҳ шавад

Ҳеҷ шак нест ки чун рӯзи бидонади розам

Гуфта будӣ : хабарии даҳ , ки зи ҳиҷрам чунӣ ?

Он чунонам ки бибинӣ ва ндонӣ бозам

Аҳд кардӣ ки : насӯзӣ ба ғами хеши маро

Ҳеҷ ғам нест , ту май сӯз , ки ман мисозм

Баъди азин бо рухи хуби ту назар хоҳам бохт

Гӯ : ҳама шаҳр бидонанд ки : шоҳиди бозам

Он чунон бар дили ман нози ту хуш ме ояд

Ки ҳалолат накунам гар накашӣ аз нозам

Агар аз доми худам низ халосии бахше

Ҳам ба хоки сари кӯии ту буд парвозам

Авҳадигар на чу парвона бисӯзад рӯзӣ

Пеш рӯй ту чу шамъаш ба шабии бгдозм