Сухан бигӯӣ чу ман дар сухан наме бошам

Ки дар ҳузури ту бо хештан наме бошам

Чу буи перҳанат бишинавам з худ биравам

Чунон ки гӯйӣ дар перҳан наме бошам

Ба вақт диданат ар дар дуо кунам тақсир

зи ман мгир , ки он лаҳза ман наме бошам

Маро агар чаҳ басӣ айб ҳаст , шукр кунам

Ки дар вафо чу ту паймон шикан наме бошам

Дилам ба шакли даҳони ту зон сабаб тангаст

Ки ҳеҷ бе сухани он даҳан наме бошам

Ман аз барои ту гаштами муқӣм , то доне

Ки бар газофи дарин анҷуман наме бошам

Ба рӯзи мурданам ар бо ҷинозаи хоҳӣ буд

Дар интизори ҳунут ва кафан наме бошам

Барои маслиҳат ар гуфтам : аз ту сайр шудам

Аз он маранҷ , ки бар як сухан наме бошам

Агар ту қасди тану ҷони Авҳадии дорӣ

Биё , ки зиндаи бад-ӣни ҷон ва тан наме бошам