Зулфи мишкӣнат чу домаст , эй санам

Оризат моҳ тамомаст , эй санам

То буд бар дигарон васлати ҳалол

Бар ман асоиш ҳаромаст , эй санам

Зон даҳони танг ширинам бидиҳ

Бӯсае ,гар худ ба вомаст , эй санам

Ҳар замони гӯйӣ ки : фардое дигар

Сӯхтам , фардо кадомаст ? эй санам

Дар ғамат гар нашканам худро , маранҷ

Одамиро нанг ва номаст , эй санам

Олимиро банда худ карда Эй

Авҳадӣ низат ғуломаст , эй санам