Гар зи ман ҷони талабади дӯст , равонӣ бидиҳам

Пеш ҷонон набӯд ҳайф ? ки ҷонӣ бидиҳам

Ғалатам , чист сару ҷону дилу дайну дирам ?

Зишт бошад ки чунинҳо ба чунонӣ бидиҳам

Дили тангам , ки азин пеш ба ҳар кас рафтӣ

Баъди азинш ба чунон танг даҳоне бидиҳам

Ҷон , ки нақдаст , бадви бахшам , агар сабр кунад

Аз барои дил гум гашта змонӣ бидиҳам

эй ки аз даст бидодӣ ба сари мӯии маро

Кофарам ,гар сари мӯят ба ҷаҳонӣ бидиҳам

Агар он ғамза ва абрӯ бифурӯшӣ рӯзӣ

Ҳар чаҳ дорам ба чунон тир ва камоне бидиҳам

Авҳадӣ дар ҳаваси он даҳан танг бсухт

Ваз даҳонаш натавонам ки нишоне бидиҳам