То бар он оризи зебо назар андохта ем

Хонаи ақл ба як бор барандохта ем

Бар дили мо дигар он ёри камони абрӯи тир

Гӯ : миндоз , ки мо худ сипар андохта ем

Ҳеҷ шак нест ки : рӯзӣ асарӣ хоҳад кард

Тири оҳӣ ки ба вақт саҳар андохта ем

эй ки қасди сари мо дорӣ , агар лоиқи тест

Бипазираш , ки ба пои ту дар андохта ем

Ба ҷафо аз дар худ давр магардон мо ро

То биҷавӣем дилиро ки дар андохта ем

Қадари хок дарат инҳо чаҳ шиносанд ? ки он

Тўтёиист ки мо дар басар андохта ем

Авҳадии рози худ аз халқ наме пӯшоанд

Гӯ : бибинед ки : мо парда дар андохта ем