Мо чашм ҷаҳонем , ки ин роз бидидем
Пӯшидаи рухи он бут танноз бидидем
Ҳам сӯрат ӯ аз ҳама нақшӣ бишунидем
Ҳам лаҳҷа ӯ дар ҳама овоз бидидем
Он қомату боло , ки ба ҷуз ноз надонист
Беишва хиромон шуд ва беноз бидидем
Пеш аз Зуҳалу Зуҳра ва брҷис бигуфтем
Мо талъати хуршед як андоз бидидем
Чун шамъ ба як лмъаҳи гарон нур намудем
Сад бори забон дар даҳан газ бидидем
То гашти вуҷӯду адами мо мутасовӣ
ӯро зи вуҷӯди ҳама мумтоз бидидем
Зини куҳнаи қафас боз нигарадему зи бандаш
То сӯии фалаки фурсат парвоз бидидем
Ёрони қадӣмӣ , ки зи мо рӯй наҳуфтанд
Чун парда тнк шуд ҳамаро боз бидидем
Созӣаст бузурги ин тан ва мо кӯшиш бисёр
Кардем ки моҳияти ин соз бидидем
Аз аҷзи бад-ӣн дар наниҳодаст касе пой
Мо сар биниҳодем чу эъҷоз бидидем
Дӯши Авҳадӣ аз воқеаи моро хабарӣ дод
Ҳам шукр ки як воқеа пардоз бидидем