Куҷост манзили он кӯч карда ? то биравем

Чу бодаш аз пай ва чун барқаш аз қафо биравем

Чу бози мурғи дили мо ҳавоӣ ӯ дорад

Заруратаст ки : чун мурғ дар ҳаво биравем

зи пай давидан ӯ ҷуз ба сар тариқӣ нест

Аз онкии тарк адаб бошад , ар ба по биравем

зи мо рақиб чу бегона буд рӯзи раҳил

Раҳо накард ки бо ёр ошно биравем

Чунин ки дар пай ӯ мо гиристем , аҷаб !

Гар оби дида гузар медиҳад , ки мо биравем

Ба рӯзи васл чу умед буд ме будам

Бисӯз ҳиҷр чу гаштем мубтало биравем

Балост даврӣ ӯ , Авҳадӣ , бакӯш ту низ

Магари пагоҳтар аз пеши ин бало биравем