Маро мапурс ки : чун шармсорам аз ёрон ?
зи дасти ин дам чун барфу ашк чун борон
Ба хоки пои ту муҳтоҷам ва надорам роҳ
Бар остони ту аз заҳмати талаби горон
Марои зи таънаи бегонаи он ҷафо нарасед
Ки аз тънти ҳамсоягону ҳамкорон
Ба рӯзи ҷанги зи дасти ғамат ба фарёдам
Чу рӯзи сулҳи зи ғавғои оштии хорон
зи паҳлавии камарати кисҳо тавонам дӯхт
Вале маҷол надорам зи дасти тарророн
Ҳазор шарбат агар май диҳӣ чунон набӯд
Ки буии васл , ки восил шавад ба беморон
Ба Авҳадӣ нарасад навбати висоли ту ҳеҷ
Агар на кам шавад ин ғулғули ҳаводорон