Имшаби зи ҳиҷр ёр бихоҳам гиристан
Зорами зи ишқ ва зор бихоҳам гиристан
Нолидаам ҳазор шаб аз ҳиҷру баъди азин
Ҳар шаби ҳазор бор бихоҳам гиристан
Гӯ : рӯй маннигор шӯ аз хӯни дил ки ман
Бе рӯй он , нигор бихоҳам гиристан
Чун бешумор ғусса кашидам зи ҳиҷр ӯ
Зини ғусса бешумор бихоҳам гиристан
Беихтиёр чанд кунад гиряи дидае ?
Чанде ба ихтиёр бихоҳам гиристан
То бишинавам зи хок дараш буи ӯ шабӣ
Дар хоки кӯча хор бихоҳам гиристан
Пинҳон чу шуд зи Авҳадии он нури дида , ман
Пинҳон ва ошкор бихоҳам гиристан