Ҳасани худ арза кун , эй моҳи писандидаи сифот

То шавад дидаи мо равшан аз осори сифот

Лаби лаълу даҳани тангу хати сабзи ту барад

Дар ҷаҳони оби рухи маъдану ҳайвону набот

Чашмам аз гиря Фуротасту рух аз нохуни нил

Ту туоне ки ба ҳам ҷамъ кунӣ нилу Фурот

Ҳамчуи Фарҳод дигар кӯҳи гирифтему камар

Дар фироқи рахт , эй дилбари ширини ҳаракот

Ҷузи вифоқи ту ҳадисам набӯд вақт нашав

Ҷузи вафои ту ба ёдам набӯд рӯзи вафот

Сими ашки ман аз он нақд равонаст , ки гашт

Лаби лаъли ту муҳассил , хати сабзи ту барот

Ҳар чаҳ гӯйӣ битавонам , магар аз рӯй ту сабр

Ва ончии хоҳии бикунам , ҷуз ба фироқи ту сабот

Неки дарвешам ва дар ҳасани закотӣ ҳам ҳамаст

Бидиҳ , эй муҳташами ҳасан , ба дарвеши закот

Кардам андеша ки он рӯз куҷо донам рафт ?

Гар биёбам зи каманди сари зулфи ту наҷот

Авҳадӣ дод ту аз шоҳ бихоҳад рӯзӣ

Ки бигардад ба фироқи рухи зебои ту мот