Чун маро ғамнок бинад шод гардад ёри ман
Зон сабаб шодӣ намегардад ба гирди кори ман
Ашки чашмами сари дили як як ба рухҳо бар набшат
Гўиё бо ашк берун меравад асрори ман
Рахти азин шаҳрам ба саҳрои барад май бояд ки шаб
Мардум андар заҳматанд аз нола бисёр ман
Гар на оби чашми сайли ангези ман монеъ шавад
Ҳар шабӣ шаҳрӣ бисӯзад оҳи оташбори ман
Ҳамчу ёқӯтаст ашкам , то хаёли лаъл ӯ
Ошноӣ мекунад бо дидаи бедори ман
Ман зи тимораши чунон гаштам ки натавон гуфт ва ӯ
Худ наме пурсад ки : ҳолат чист ? эй бемори ман
зи Авҳадии ҳиҷрон ӯ кӯтоҳ кардӣ дасти зуд
Гар ба гӯш ӯ раседӣ нолаҳои зори ман