Сар борандагӣ дорад ду чашми тунди бори ман
Ки фатҳ албоб ҳиҷронасту таҳвилнигор ман
Маро чун моҳ дар ақраб хуш омад рӯйу зулф ӯ
Аз он некии нмибинм , ки бад буд ихтиёри ман
Ман он чархам , ки аз ҷонаст меҳрам дар миёни дил
Ман он субҳам , ки аз ашкаст парвин дар канори ман
Маро рӯй чу тақвимаст ва ба рӯй ҷадвалии хунин
Ки ҳукм он нашуд , мансӯх чун тақвими пори ман
Серумро иттисолӣ ҳаст куллӣ бо хаёл ӯ
Аз он сар дар наме орад ба дӯши бурдбори ман
Хабари даҳ зи иҷтимо ӯ танамро , то бурун ояд
Ба истиқбол рӯй ӯ дилу сабру қарори ман
Паёпай моиласт ин дил ба қурби нуқтаи холаш
Дареғ ар хориҷ аз марказ науфтодӣ мадори ман !
Ба сарҳади висолашгар зўҷҳии роҳи мёбм
Шарафи ҳам хона мегардад дигар бо рӯзгори ман
Чу моҳ аз уқдаи зулфаш магар дорад хусуфи он рух ?
Ки аз оғози таъсиаш зимистон шуд баҳори ман
Чу донистӣ каз он тести байти алмоли дил яксар
Ба саҳми алғиби он ғамза бигӯ : то кист ёри ман
Тариқ иҷтимоӣ нест дилро бо фараҳ бе ту
Азон чун ақлаи зулфи ту мнкўссти кори ман
зи ашкам нуқта меронад ғамат бар тахтҳои рух
Ки дар ҳангомҳо гуяд ниҳону ошкори ман
Фалакҳоро расад кардам ман , эй моҳ ва напиндорам
Казишон чун ту хуршедӣ битобад бар диёри ман
Ту астрлоби ин дилро бигардон дар шуъоъи рух
Бибин то иртифоъ меҳр чандаст аз шумори ман ?
Аз он хоки Авҳадиро гар наҳй бар ҷабҳаи иклилӣ
Ба шеърӣ мебарад шеър чу дар шоҳвори ман