Ишқро фарсӯдае бояд чу ман
Дар машаққат бӯдае бояд чу ман
Лоиқи савдои он ҷону ҷаҳон
Аз ҷаҳони осӯдае бояд чу ман
То ғам ӯро ба кор ояд магар
Кори ғами фарсӯдае бояд чу ман
Аз барои хӯрдани ҳалвои ғам
Хӯни дили полудае бояд чу ман
Интизор дидан он моҳ ро
Солҳо нағунудае бояд чу ман
То зи васл ӯ ба дармонӣ расад
Дарди дили паймӯдае бояд чу ман
Авҳадӣ , роҳи ғами он дӯст ро
Хоку хӯни олӯдае бояд чу ман