эй зи савдои ту дар ҳар гӯшае овораи ман

Чораи корам на некӯ мекунӣ , бечораи ман !

Рӯзи маргам бар сар тобут хоҳад шуъла зад

Оташи ишқат ки дар дил дорам аз гаҳвораи ман

эй ки гуфтӣ : бо ҷафои ёри симин бар бисоз

Чанд шояд сохт ? з оҳан нестам , ё хора , ман

Дар забони хос ва ом афтод розам чун сухан

эй мусулмонон , забун афтодаам як бораи ман

Кошкӣ ! он рӯй манзураши нмидидми зи давр

То чу даврон кардамӣ аз гӯшае назораи ман

Хирқаи пурҳизум аз савдои ин дил пора шуд

Худ намеёбам халос аз дасти ин дили пораи ман

Авҳадиро ошиқ ва михўораҳ кард ӯ ин чунин

Варна токунӯн набудам ошиқ ва май хораи ман