Даври Марв , даври Марв , ёр бибин , ёр бибин

Дар нигар аз дидаи ҷон дар дил ва дидор бибин

Гар зи дил огоҳ шудӣ , ҳам сафар моҳ шудӣ

Чун ту дарин роҳ шудӣ хӯбӣ рафтор бибин

Гар сафарат ҳаст ҳавас , ҷону хиради ёри ту бас

Нусрати азин ҳар ду талаб , ҳиҷрат ансор бибин

Дӯст ба пурсидан ту , рӯй ту дар дидан ту

Ҷинси фурӯшандаи нигар , нақд харидор бибин

Чанд барои дили худ ? чанд ҳавои дили худ ?

Чанд ризои дили худ ? маслиҳат ёр бибин

Гардан номӯс бизан , номаи зиндиқи бадар

Хирқа солус бикун , бастан зуннор бибин

Душман ман шуд дили ман , тавба шикан шуд дили ман

Гар пас азинми талабӣ , хона хумор бибин

Хирқа ки бар дӯхта шуд , нақд ки андӯхта шуд

Пеши Рахш сӯхта шуд , гармӣ бозор бибин

Қобили маълуми бҳл , порси Марв , рӯми бҳл

Дар сар ва дар дувуми нигар : ин ҳама асрор бибин

Авҳадӣ , аз баҳри худо , даври Марви пеши худо

Дар худ ва ӯ кун назарӣ , нуқта ва паргор бибин