Аз банди зулфаши пои мо мушкили кушояди баъди азин

Чашмӣ ки бинад ғайр ӯ моро нишоед баъди азин

Дилро чу бо дидор ӯ пайванду паймон тоза шуд

Дар чашми мо ҷуз рӯй ӯ бозии намояди баъди азин

Худро чу додеми огаҳӣ аз завқи ҳалвои лабаш

Лиззати наёбади коми мо ,гар шаҳд хоед баъди азин

Дар дастгоҳи чарх агар андӯҳу меҳнат кам шавад

Аз пеши мо гӯ : харҷ кун чандон ки бояд баъди азин

Бас фитна зойед осмон , дар даври чашми маст ӯ

Аз рӯзгор бевафо то худ чаҳ зояд баъди азин

Бо зулфи он дилдор чун боди сабо густох шуд

ё анбар ифшоанд ҳаво , ё машк сояд баъди азин

эй ёри некӯкор , ту тадбири кор хеш кун

Каз мо ба ҷузи савдоӣ ӯ корӣ наёяд баъди азин

То ин замонгар нутқи мо тақсир кард андари сухан

Бар ёди он ширини даҳон ширин сарояд баъди азин

Гӯ : озмоишро бабри гардии зи хоки Авҳадӣ

Гар дар ҷаҳони ошуфтае ишқи озмоиди баъди азин