Бингар бидон ду абрӯӣ ҳамчун камон ӯ

Вони ғамза чу тиру рухи меҳрбон ӯ

Ангушт мегазад ба таҳайюри камони чарх

зи ангушт ранг додау ангштўон ӯ

Гар ҷони ман талаб кунад , аз вай дареғ нест

Бишинав , ки ин дурӯғ нагуфтам ба ҷон ӯ

Гӯ : бӯсае ба ҷон бифурӯш , ар зиён кунад

Дил низ май даҳум , ки нахоҳам зиён ӯ

Бо душманон дӯст кунам дӯстии мудом

Зеро ки ғайрат оядам аз дӯстон ӯ

Аз вай бипурс ҳоли ман , эй боди субҳи дам

Бошад ки ном ман баравад бар забон ӯ

Он кӯ ба ҳасани фитнаи охири замон буд

Ночори Фтнҳо буд андари замон ӯ

Он мӯӣ ӯ ба пой расад ,гар фурӯи кашӣ

Лекин ба лоғарӣ нарасад дар миён ӯ

Гӯйии табиби хуфтаи моро хабар набӯд :

Комшб нахуфт то ба саҳари нотавон ӯ

Рӯзӣ ки ҷони Авҳадӣ аз тан ҷудо шавад

Аз дӯстӣ ҷудо нашавад устихон ӯ

Аз завқҳои шеъри рӯонаши басӣ ки халқ

Гӯйанд : кофарин худо бар равон ӯ