Тарки аҷамии кокул таркона барандохт

Аз хона бурун омад ва сад хона барандохт

Дар ҳалқи дил шефта шуд ҳалқа ба шухӣ

Ҳар мӯӣ ки зулфаши з саршона барандохт

Оҳ аз ҷигари сӯрати девори баромад

Чун акси рухи хеш ба кошона барандохт

Шавқи лаб чун ҷоми ақиқаши зи латофат

Хӯн аз даҳани соғар ва паймона барандохт

Фарёд ! ки чашмами зи фироқи лаби лаълаш

Монандаи дарё дар ва дурдона барандохт

Дардо ! ки : фироқи рухи он тарки париваш

Бунёди ман ошиқи девона бар андохт

Гар ёд кунад зоўҳдии он моҳ аҷаб нест

Хуршеди басии соя ба вайрона барандохт