эй дилбари сангини дил , фарёди зи дасти ту
Дастӣ , ки дил ман шуд бар боди зи дасти ту
Кӣ рост шавад корам ? зини ғусса ки ман дорам
эй кори марои вайрони бунёди зи дасти ту
Ақлам чу диҳад ёрӣ , гуяд ки : дарин зорӣ
Онаст ки сад навбат афтод зи дасти ту
Додӣ зи ҷафои нӯшам , то гашти фаромӯшам
Чизе ки маро будӣ бар ёд , зи дасти ту
Аз банд раҳо мекун , мамлук ва баҳо ме кун
Кин банда нахоҳад шуд озоди зи дасти ту
Шодӣ ба ғамат додам ва акнӯн зи ғамати шодам
Зеро ки нишоед шуд дилшоди зи дасти ту
Чун Авҳадӣ ар роҳам бошад ба дар шоҳам
ё давлат ӯ хоҳам ё дод зи дасти ту