эй тарк , дили моро хуши дор ба ҷони ту

Магузор тани морои лоғар чу миёни ту

Чун сарви равони дории қадӣ ба хиромидан

Ва он рӯй чу гули хандон бар сарви равони ту

Абрӯ чун камонсозӣ , то тир ғам андозӣ

Гар захм хӯрам , борӣ , аз тиру камони ту

Ҳар чанд фарох омад саҳрои ҷаҳон бар ман

Ҳар лаҳза ба танг оем зон танги даҳони ту

Дили хостае аз ман , натавон ба ту дил додан

Зеро ки : чу бигурезӣ кас нест змони ту

Монанди рикобати рӯ бар пои ту май молам

Бошад ки ба даст уфтад як рӯзи Аннани ту

Лоф аз сухани ширин дигар назанам пешат

Кини лафз наме зебади алои зи забони ту

Ошуфта шавам ҳар дам бар сӯрати зебоӣ

Бошад ки нишон ёбам рӯзии зи нишони ту

Акнӯн ки ба шайдое чун Авҳадӣ аз ғифлат

Дар доми ту афтодам , ҷони ману ҷони ту