Зуд шавад бози бастаи ту
Ошиқ аз доми ҷустаи ту
Равнақи гул май барад ҳамеша
Ориз чун лолаи дастаи ту
Он шаккаринӣ , ки вақти бӯса
Қанди бирезади зи пистаи ту
Раҳм , ки бар ҳам шикасти мо ро
Турра дар ҳам шикастаи ту
Вақт наомад ки бози бандӣ ?
Риштаи аҳди гусастаи ту
Иди ман он дам буд ки байнам
Моҳи ҷамоли хуҷастаи ту
Тан ба сиришк чу сим шавем
Зон тан чун сими шастаи ту
Авҳадӣ , ӣнҷо чаҳ гирди хайрад ?
Зини дил дар хӯн нишаста ту
Тоқати тир ғамаш наёвард
Синаи маҷрӯҳи хастаи ту