Рӯзи иди он таркро дидам пагоҳи ороста

Гашта аз рӯйиши саросари иди гоҳи ороста

Тоқи абрӯро зи шухӣ чун ҳилолӣ дода хам

Рӯй некӯро ба зебоӣ чу моҳи ороста

Ҳам ҷамоли моҳи рӯйиши оби хубони рехта

Ҳам ҳилоли наъли асбаши хоки роҳи ороста

Бедилонро молу сар бар дасту дилбар бе ниёз

Бандагон аз пеш ва пас ҳайрону шоҳи ороста

ӯ чу шамъӣ дар миёну ошиқони пиромнш

Ҳалқае аз нолау фарёду оҳи ороста

Наргиси чашму гулу рухсору сарви қад ӯ

Дар шнкҷи ҳалқаи зулфи сиёҳи ороста

Зулфи чавгони вори худ ҳамчун расанҳо дода тоб

Вонгаҳеи гӯии занхдонро ба чоҳи ороста

Лофи ишқати мизннди ошуфтаи ҳолони ҷаҳон

Авҳадӣ мейраст ва дар ишқати сипоҳи ороста

Дидани хубон агар ҷурм ва гуноҳаст , эй санам

Нолҳо дорам бад-ӣни ҷурму гуноҳи ороста