эй бар фалак аз рухи илм нур кашида
Зулфи ту қалам дар шаб диҷўр кашида
Ҳасан аз асари мастӣ ва нохуфтани дӯшат
Сад серума дар он наргис , махмур кашида
Хати ту бар он рӯй чу хуршеди ҳлолист
Аз ғолия бар сафҳа кофур кашида
Гуфтори ту занбӯри забон аз шаккаринӣ
Хат дар варақи зода занбӯр кашида
Мо аз раҳи даври омадаи наздики ту вонгоаҳ
Худро ту змо бесабабӣ давр кашида
Андешаи васли ту басар нашутур савдо
Хӯн аз ҷигари ошиқ мҳрўр кашида
Аз бас ки бикуштӣ ба ҷафои хастаи дилон ро
Гирди ту з мотам задагон сур кашида
Борати зи дилу дидау нозат ба сару чашм
Ҳам сарви сеӣ барда ва ҳам ҳур кашида
Аз ишқи ту чун Авҳадии имрӯзи ҷаҳонӣ
Доғи ситамат бар дил ранҷур кашида