Суннат онаст ки хоки каф поиш бошӣ
Фарзи воҷиб ки ба фармон ва барояш бошӣ
Гар нахоҳӣ ки ба ҳасрати сари ангушти газӣ
Дар паноҳи рухи ангушт намоиш бошӣ
Моҳро дидам ва гуфтам : ту бигирӣ ҷояш
Бозгуфтам : ту на онӣ ки ба ҷояш бошӣ
Гиреҳии бозкн аз банди ду зулфаш ба ниёз
эй дил , онрўз ки дар банд гушоиш бошӣ
Авҳадӣ , даст бидор аз сухани дӯст , ки ӯ
Ба вафо сар наниҳад ,гар ту худояш бошӣ
Гар ба ранҷи ғам ӯ кӯфтаи гардии сад бор
Буи он нест ки дар саҳн сароиш бошӣ