На бегонае , эй бути хонагӣ
Макун бо ман хастаи бегонагӣ
Тугар поймардӣ накардӣ ба лутф
Чаҳ суди ин далерӣу мардонагӣ ?
Парии зодае чун ту пеши назар
Набошад зи ман турфаи девонагӣ
Чроғист рӯй ту , эй моҳрух
Ки шамъаш наярзад ба парвонагӣ
Бигирӣ басии дил ба зулф чу дом
Гар он хол мишкӣн кунад донагӣ
зи меҳри сари зулфат , эй сангдил
Ҳавас мекунад сангро шонагӣ
Ба тамкин макуш , Авҳадӣ , дар ғамаш
Ки ошиқи нкўшд ба фарзонагӣ