эй ғунча бо лаби ту з дил карда ҳамдамӣ

Гул вом карда аз рухи хуби ту хуррамӣ

Зулфу рухи турои зи дил ва дида мекунанд

Машку саман чу анбару кофури ходимӣ

Зон хати сабзу чеҳраи рангину қади рост

Як боғи сӯсану гулу шамшод бо ҳаме

Бар сӯрати ту моҳу парӣ фитна мешаванд

Сабр аз ту чун кунад дили бечораи одамӣ ?

Мо ҳамчуи мум аз оташи ин ғам гудохтем

Сангин дило , туро чаҳ тафовут ? ки биғмӣ

Паҳлу тиҳӣ макун чу миён аз канори мо

эй карда чун камари тани моро хам аз хамӣ

Бо мо ?герат мувофиқатӣ нест рости шӯ

Бошад ки дар мухолифи мо аўФтди камӣ

Чандин чу зулф бар сар ошуфтагӣ мабош

Аз чашми длнўози биомузи мардумӣ

Гирам ки Авҳадии саги тест , эй аниси дил

Аз пеш ӯ чу оҳӯии ваҳшӣ чаҳ мирмӣ ?