Бози махмурам , куҷо шуд соқӣ ? он соғар куҷост ?

Ташнагони ишқро он об чун озар куҷост ?

Ҳамчуи чашми хеши соқӣ маст медорад маро

Мо кҷоиим , эй мусулмонон , ва он кофар куҷост ?

Он чунон хоҳам дарин маҷлиси зи мастии хеш ро

Каз харобӣ боз нашиносам ки : роҳ дар куҷост ?

Халқ мегӯйанд : зуҳду ишқ бо ҳам рост нест

Мо ба тарки зуҳди гуфтем , ин ҳикоят бар куҷост ?

эй ки гуфтӣ : аз сар ва сомон биандешу минуаш

Бода , бодаст ин сухан , сомон чаҳ бошад ? сар куҷост ?

Мӯҳтасиб бар гови мисатонро Фзиҳт ме кунад

Мо ба мастии худ Фзиҳт гаштаем , он хар куҷост ?

Ин мусаллам , Авҳадӣ ,гар бода гуфтӣ : шуд ҳаром

Ин ки рӯй хуб дидан шуд ҳаром андар куҷост ?