Рахт гӯям ба зебоӣ , лабат гӯям ба ширинӣ
Ҳаромаст ар чунин сӯрат кунад сӯратгарии чинӣ
Ба оризи ҳайрати ҳур ва ба қомати ғайрати тӯбо
Ба рухи сармояи меҳр ва ба дили перояи кинӣ
Туро , эй тарк , агар рӯзӣ бибинад хусрави гардун
?бирт зону занад , гуяд : ту оғо бош ва ман инӣ
Сухани гӯйӣ ва мехоҳам ки дардат зон забони чинам
Вале тарсам ки бад гӯйон бигӯяндам : сухани чинӣ
Рухам зардасту оҳами сарду лаби хушк аз фироқи ту
Нагуфтам ҳоли чашмтар , ки худ чун бигузарӣ бинӣ
Туро бо он ғурури ҳасану нозу саркашӣ , ҷоно
Куҷо аз даст бархезад ки по дарвеш биншинӣ ?
На танҳо бар сари роҳати мусулмон дида медорад
Ки гуҳи кофар туро бинад ба роҳ ояд з бе динӣ
Агар қади туро шамшод гӯям ҷои он дорӣ
Вагар рӯй туро хуршед хонам дар хури инӣ
Туро бар Авҳадӣ чун дил насузад чора он донам
Ки дар ҳиҷри ту мисўзд ба танҳоӣу мискинӣ