Зиҳӣ ! ҳасани турои гули хоки кӯе

Насими анбар аз зулфи ту бӯе

Рахт бар сӯсану гули таъна ҳо зад

Ки буд ин даҳ забонӣ , он ду рӯе

Наомад дар хами чавгони хӯбӣ

Ба аз себи занхдони ту гӯйӣ

Сари зулфати зи баҳри ғорати дил

Парешонаст ҳар торӣ ба сӯе

Шудӣ ҷӯёии болои тугар сарв

Тавонистӣ ки бигузаштӣ зи ҷӯӣ

зи зулфати ҳалқае ҷустам , надодӣ

Чаҳ сахтӣ мекунӣ бо ман ба мӯе ?

Дили сахти ту чун дид Авҳадӣ гуфт :

Бад-ӣни сангам бибояд зад сабуе