Муштоқи оннигорам оё куҷост гӯйӣ ?
Бо мо наменишинад бе мо чарост гӯйӣ ?
Мо дар ҳавои рӯйиш чун зарра гашта пайдо
Венаи қиссаи худ бар ӯ бод ҳавост гӯйӣ
Сад бори кишти моро нодидаи ҳеҷ ҷурмӣ
Дар дайни хубрӯён куштан равост гӯйӣ
Наздик ӯ шуд он дил каз ғами шикаста будӣ
Ин ғам ҳануз дорам он дил куҷост гӯйӣ ?
Аз зулфи кжрў ӯ гар бишинавӣ насимӣ
То зиндае ҳикоят зон сару рости гӯйӣ
Бо дигарон биорӣ осон бар оварад сар
Ин нозу сари гаронӣ аз бахти мости гӯйӣ
Хӯни дилами бирезаду онгоҳ хашм гирад
Онро сабаб надонам ин хӯн баҳост гӯйӣ
Гуфто ки : ҷони ширини пеши ман ору зини ғам
Тан хаста шуд валикини дилро ризост гӯйӣ
Аз Авҳадии дилу дайни бурданду ақлу дониш
Рахти гузида гум шуд , дузд ошност гӯйӣ