Дил ба саҳро меравад , дар хона натавонам нишаст

Буи гул бархест , дар кошона натавонам нишаст

Гар кунам риндӣ , сазад , кандар ҷавонии вақти гул

Мӯҳтасиб донад ки : ман перона натавонам нишаст

Оқилигар сабр он дорад ки биншинад , равост

Ман ки ошиқ бошам ва девона натавонам нишаст

Зон чунин дар донаҳои хол ӯ дил баста ам

Кандарин доми бало бедона натавонам нишаст

Ҳар касе бо ошнои роҳ саҳройӣ гирифт

Ман чунин дар хонае бегона натавонам нишаст

Ман ки аз ҳастӣ чу фарзин рафта бошам борҳо

Бар бисоти бедилӣ фарзона натавонам нишаст

Рӯй худро бар каф поиш бимолам ҳамчуи санг

Баъди азин бо зулфаш ар чун шона натавонам нишаст

Ақл айбам мекунад : коФсонаҳ хоҳӣ шуд ба ишқ

Гӯ : ҳаме кун , ман бад-ӣн афсона натавонам нишаст

Гар кунам риндӣ , раво бошад , ки дар сини шабоб

Мӯҳтасиб донад ки : солусона натавонам нишаст

Авҳадӣ , гӯ , зуҳди худ май варз , ман борӣ ба нақд

Башиканам паймон , ки бепаймона натавонам нишаст