Қӯти нафасро мақомотаст

Сари он мӯъҷиз ва каромотаст

Нафас чндонкаҳ ҳаст болотар

Дар каромоту кашфи волотар

Аз кудурати дилат чу гардад давр

Рахтат аз зулмат оваранд ба нур

Ғайби дони ҷуз ба нур натавон шуд

Вақти байн биҳзўр натавон шуд

Дил дар он нур чун муқӣм шавад

Ҳаракоти ту мустақӣм шавад

Бошиддати ҳукм бар вуҷӯду адам

Лек биҳкм бар наёрӣ дам

Хоҳишат чун барои ӯ бошад

Ту набошӣ , ризоӣ ӯ бошад

То нагирӣ сифоти рӯҳонӣ

То нагардӣ зи поу сари фонӣ

Қурбати худ куҷо диҳад шоҳат ?

Ба вилояти куҷо буд роҳат ?

Ба муҳаббат чу мубтало бошӣ

Гоҳу бегоҳ дар бало бошӣ

Бе вилояти з хавф натавон раст

То вале нестии ту хавфӣ ҳаст

Ба вилоят чу дил сутӯда шавад

Дар ҳайбат бирав гушӯда шавад

Чун рисӣ дар мақоми маҳбӯбӣ

Зу набинад дили ту ҷузи хӯбӣ

Сӯратати сӯрат фиришта шавад

Зери пояти замин навишта шавад

Бар сари обҳо равони гардӣ

Ғайби гӯйӣу ғибдони гардӣ

Аз назарҳо ниҳон туоне шуд

Муқтадои ҷаҳон туоне шуд

Нагузорад зи лутфи сонеъи ту

Ки шавад ҳеҷ чизи монеъи ту

Ту мусаллами шӯй ба султонӣ

Гуҳи навозӣу гоҳи ранҷоне

Оварӣ асби қурбати андари зин

Ба иҷобат шавад дуоати қарин