Зани худро ба санг зад мардаш

Шуд давон , пеш қозӣ оварадаш

Ҳол худ гуфт ва мард шуд ҳозир

Гашти қозӣ майонишон нозир

Зан чу даъвӣ гузор шуд бо шӯй

Гӯша чодараш бирафт аз рӯй

Хоҷаи ҳасану ҷамол ӯро дид

Ишваи қилу қол ӯро дид

Мардро гуфт қозӣ аз пуштӣ :

Зани худро чаро чунин киштӣ ?

Гуфт : дашном дод ва чӯб задам

ӯ маро зишт гуфт ва хуб задам

Гуфт қозӣ ки : эй парешони даст

Кас ба чӯби ин чунин гуҳар нишкаст

Гар сари ин латиф чеҳрат нест

Рӯ талоқаш бидиҳ , ки меҳрат нест

Мард додаш талоқ ва шуд бе ҷуфт

Чун бурун рафт зан ба қозӣ гуфт :

Меҳри дил чун надорад он гумроҳ

Меҳр бардоштаст , меҳр бихоҳ

Омадам то баҳоии ман ҷӯӣ

На ба он то санои ман гӯйӣ

Шояд ар илми сари барфарозад

Дайн мбоҳӣ шавад , хирад нозад

Ки дарин қаҳти соли илму амал

Шуд ба Авни худои ъзу ҷл

Маснади шаръ дар Мароға ба ком

Зини ду қозии алқзоаҳи некӯи ном

Суханӣ кон баҷост бояд гуфт

Ончии бенанди рост бояд гуфт

Рои дастур ки аФтоби вшст

БоФозт чу офтоб хушаст

Шояд он рӯзҳо ки дод кунад

Гар ба лутф аз Мароға ёд кунад

Оби раҳмат бар он замини борад

Ки дар он хок ташнагон дорад

Ман зи аҳли сухан чаҳ бошам ва чанд ?

Ки сухани ронам аз насиҳату панд

Панду ваъз аз касе дуруст ояд

Ки ба кирдори хуб чуст ояд